Ба гузориши хабаргузории Абно, дар ин баёния, панҷ кишвар бо изҳори нигаронии шадид аз эълони расмии Амрико ба ҷойгиркунии силоҳ дар фазо, ин иқдомро нишонаи ошкори шиддат гирифтани раванди мусаллаҳсозии фазои болои атмосфера ва таҳдиди ҷиддӣ алайҳи талошҳои чандҷонибаи ҷомеаи байналмилалӣ барои пешгирӣ аз шаклгирии мусобиқаи мусаллаҳона дар ин арса донистанд.
Ин панҷ кишвар тасреҳ карданд, ки ин таҳаввул нигарониҳои деринаро дар бораи доктринаи низомии Амрико нисбат ба табдили фазои болои атмосфера ба арсаи ҷанг ва амалиёти низомӣ беш аз пеш тасдиқ мекунад ва хатари табдили фазо ба майдони рӯёрӯии низомиро афзоиш медиҳад.
Ин кишварҳо ҳамчунин бо радди ҳар гуна талош барои муқаррарисозии ҷойгиркунии силоҳ дар фазои болои атмосфера, бар зарурати худдорӣ кардани ҳамаи давлатҳо аз чунин иқдомот таъкид карда ва истифодаи афзояндаи қобилиятҳои фазоӣ барои мақсадҳои низомии эълоннашударо таҳдид алайҳи амният, бехатарӣ, устуворӣ ва пойдории фаъолиятҳои фазоӣ тавсиф карданд.
Your Comment